Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Соли нав ҳамоиши идона баргузор шуд

Декабрь 31, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 31.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 бо иштироки ҳайати шахсӣ, фарзандони кормандон ва фарзандону оилаҳои кормандони фавтидаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва собиқадорону меҳмонон ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода ҳамаи иштирокдоронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо тандурустиву саодатмандӣ, бахти сафеду иқболи нек, табъи болида ва рӯзгори хушу гуворо таманно намуда, таъкид кард, ки соли 2019 ҳамчун соли бобарор, муваффақиятҳо ва хурсандиву хушҳолиҳо дар китоби зиндагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, воқеаву рӯйдодҳои ин соли ҷашнӣ чун хотироти фараҳбахш абадӣ боқӣ хоҳанд монд.

Зикр гардид, ки таҷлили Соли нав аз бар кардани неруи тоза, қудратмандӣ дар ирода ва шурӯъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст.

Дар ҷамъомади идона ҳунармандони ҷавони театр, инчунин санъаткорони шаҳри Бохтар ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Декабрь 31, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ». 2 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мешавад
«ДУНЁИ САОДАТ». Дар Тоҷикистон таҳти чунин унвон Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ доир мешавад
ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Адибони тоҷик ба се ноҳияи вилояти Хатлон сафар намуданд
«ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!». Таҳти чунин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар шаҳри Бохтар беш аз 1 млн бех гулу бутта шинонида шуд
ТАСВИРИ ПИРЯХҲО ВА ОБҲО ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар Тоҷикистон 22 театри халқӣ амал менамояд
Дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ студияи нави сабти суруд таъсис ёфт
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти чунин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳо ифтитоҳ гардид
Дар Наврӯз барои солимии бадан ғизои зарурӣ пешниҳод мегардад, ки оши бурида яке аз онҳост
ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар Бадахшон базми наврӯзии ҷавонон доир карда шуд
НАВРӮЗ — ҚИМАТТАРИН МЕРОСИ НИЁГОН. Мулоҳизаҳои мардумшинос дар бораи таҷлили он аз давраи Сосониён то соҳибистиқлолии Тоҷикистон