Дастаи футзали Тоҷикистон бо Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад

Декабрь 7, 2019 09:42

ДУШАНБЕ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар меҳмонхонаи «Олимпиа»-и шаҳри Ашқободи Туркманистон маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон ба гурӯҳи «А» ворид шуданд.

Дар Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал, ки аз 26 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон доир мегардад, 16 дастаи беҳтарини қора дар чор гурӯҳ иштирок менамоянд. 5 дастаи беҳтарин қораи Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи октябр дар Литва баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал:

Гурӯҳи “А”: Туркманистон (мизбон), Ветнам, Тоҷикистон, Уммон;

Гурӯҳи “В”: Япония, Лубнон, Қирғизистон, Кувайт;

Гурӯҳи “С”: Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия;

Гурӯҳи “D”: Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Чемпионати Осиё оид ба футзал маротибаи 16-ум баргузор мешавад. Дар 15 давраи гузаштаи чемпионат 12 маротиба дастаи мунтахаби Эрон ва 3 маротиба дастаи Япония ғолиб гардидаанд.

Акс аз ФФТ

Декабрь 7, 2019 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод