ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 355 медали тилло шуданд

Декабрь 27, 2019 11:10

ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2019 дар радифи рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар самти варзиш ва ҷавонон низ дар сатҳи дохилию байналмилалӣ як зумра пешравию дастовардҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла, дар ин давра варзишгарони ҷавони тоҷик дар садҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Тавре муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, соли равон  917 нафар варзишгарон  дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат намуда,  ба хазинаи варзишии мамлакат 994 медал ворид намуданд, ки инҳо  355 медали тилло, 250 медали нуқра ва 389 медали биринҷӣ мебошанд.

“Маҳз бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои беназири сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 9 ҳазору 853 иншооти варзишӣ мавриди истифодаи ҷомеа ва варзишгарон қарор гирифтаанд.  Аз  ин шумора 140 муассисаи варзишӣ барои омода намудани варзишгарони касбӣ бо фарогирии 47 ҳазору 930 наврасону ҷавонон фаъолият менамоянд”, -гуфт Ризо Назарзода.

Сол аз сол зиёд гардидани инфрасохтори варзишӣ дар мамлакат барои иҷрои яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-таъмини тарзи ҳаёти солими ҷомеа мусоидат менамояд.

Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат 26 декабр зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «соли 2019-ум 358 иншооти варзиш, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти мамлакат сохта шудааст. Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзиш навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳо мунтазам чораҷӯӣ кунад.

Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзишӣ бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд».

Варзиш  беҳтарин василаи муаррифӣ намудани давлату миллат ба шумор рафта, халқи тоҷик ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ зери сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона ба марҳилаи нави рушду ташаккул ва таҳкими идеяи миллати солим ворид гардидааст.

Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони ба нангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд бардоштани  нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Инҷо метавон қаҳрамониҳои варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбековро мисол овард. Ӯ  нахустин варзишгари тоҷик аст, ки моҳи октябри соли 2019 дар  Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон  оид ба  гӯштини дзюдо унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард. Сомон дар вазни 73 килограмм бар варзишгарони Кеп Верд — Семедо Клаудиано, Қирғизистон — Асад Масабиров, Белгия — Абдул Малик Умаев, дар даври чорякниҳоӣ бар намояндаи Италия  Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Россия дастболо шуда, соҳиби медали тиллои чемпионат гардид.

Имрӯз тамоми мардуми ҷумҳурӣ аз пирӯзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд.

Ҳунарнамоии гурзандози маъруф Дилшод Назаров, нахустин чемпиони ҷаҳон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи дзюдо байни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков, чемпиони Осиё дар намуди бокс Баҳодур Усмонов, Шаҳриёр Даминов (қайиқронӣ), Сиёвуш Иброҳимов (таэквондо), Сабрина Абророва (шоҳмот), Ғаниҷон Ғаниев (дзюдо), Беҳрузи Хоҷазода (дзюдо), Хушқадам Хусравов (самбо), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо), Темур Раҳимов (дзюдо), Фирӯз Мирзораҷабов (юнону румӣ), Шероз Очилов (юнону румӣ), Ислом Толибов (юнону румӣ), Муҳсинҷон  Муллоҷонов, дастаи ҷавонони футболи 16 ва 17- солаҳо нишонаи олии ин гуфтаҳо мебошад.

Яке аз дастовардҳои беназири Тоҷикистон соли равон- ин 23 декабр дар шаҳри Лондон аз ҷониби Федератсияи байналмилалии теннис ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ  дохил намудани Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Шурӯъ аз соли 2020 дар мусобиқаи мазкур  намояндагони беш аз 30 давлати дунё иштирок менамоянд.

Инчунин бо мақсади рушд додани соҳаи  варзиш дар ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни миллатҳою варзишгарон соли 2019 дар ҷумҳурӣ 9 мусобиқаи байналмилалии варзишӣ: Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе,  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ – румӣ байни дастаҳои давлатҳои аъзои шӯрои “Динамо”,  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Чемпионати байналмилалии КАФА оид ба футбол байни наврасони то 16-сола ва  Чемпионати байналмилалии КАФА оид ба футбол байни ҷавондухтарони то 23- сола доир  карда шуд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади татбиқи амалии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи эълон гардидани  солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ин давра аз ҷониби  масъулини Кумита якчанд санадҳои  меъёрию ҳуқуқии соҳа такмил дода шуданд.

Қабул гардидани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021» дар таҳрири тав тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 13-ум ғолиби Лигаи олии Тоҷикистон гардид
Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад
4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тими Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид