Дивизиони С-300 дар Тоҷикистон ба навбатдории низомӣ шурӯъ кард

Декабрь 2, 2019 10:26

ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Системаҳои зиддимушакии С-300ПС-и Округи марказии ҳарбии Россия ба навбатдории низомӣ  дар Тоҷикистон шурӯъ намуд, хабар медиҳад «РИА Новости» бо истинод ба «Звезда».

Ба ҳайати дивизион тақрибан 30 адад техника, аз ҷумла, нуқтаҳои  фармондеҳӣ, таҷҳизоти бакордарорӣ, системаи радиолокатсионӣ, чароғакҳо, нишонгиракҳо ва инчунин мошинҳои  таъминкунанда дохил мешаванд. Вазифаи асосии инҳо муҳофизати иншооти пойгоҳи низомии 201-и Россия, ки дар Тоҷикистон ҷойгиранд ва мудофиаи ҳавоии минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

С-300 — системаи мушакии зенитиест, ки  ба ҳадафҳои баллистикӣ ва аэродинамикӣ зарба зада метавонад. Он дорои системаи бисёрҷанбаи  мушакии зенитиест, ки метавонад то шаш ҳадафро ҳамроҳӣ карда, то 12 мушакро бар зидди онҳо  равона созад. Вақти ташкил ва интиқол тақрибан панҷ дақиқа аст.

 

АКС аз «РИА Новости» /Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия/

Декабрь 2, 2019 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид