Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 30 ноябр то 1 декабр дар Гонг Конг бо иштироки 163 нафар варзишгарон (96 мард, 67 зан) аз 30 давлат баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар: Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни -100 кг намояндагӣ карданд.
Хуршед Маҷидов дар даври аввал аз Даниел Дичеви булғористонӣ, ки ғолиби вазни -100 кг гардид, мағлуб шуда, барои ҷои сеюм дар қувваозмоӣ варзишгари Чехия Радек Ҳеклро шикаст дод. Медали нуқраро варзишгари Муғулистон Хангал Одбаатар ба даст овард.
Хайёмиддин Ҷабборов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон Чо Фунг Леунг ва дар чорякфинал бар варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболд пирӯз гардида, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал аз намояндаи Россия Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки ғолиби вазни -73кг гардид, шикаст хӯрд. Инчунин дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Муғулистон Болор-Очир Герелтуйа мағлуб шуда, ҷои панҷумро ишғол намуд. Медали нуқраи вазни -73кг насиби намояндаи Қазоқистон Медиёр Сембаев, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Канада Константин Габун гардид.








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






