Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз шаҳри бостонии Самарқанд боздид намуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз яке аз шаҳрҳои зеботарин ва қадимтарини дунё – Самарқанд боздид намуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Раиси шаҳри Душанберо Ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ёдгориҳои фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо ва маҷмааҳои саноатии Самарқандро нишон доданд.
Нахуст ҳайати пойтахти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ва маҷмаа-мақбараи меъмории Имом Бухорӣ ташриф оварда, баъдан бо дигаргуниҳои шаҳр шинос шуд ва дар бораи мутафаккирони бузурги сарзамини муқаддаси Самарқанд ва дар бораи саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот гирифт.
Шоми имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Душанбе баргашт.











Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






