Иттифоқи композиторони Тоҷикистон силсилабарномаҳои эҷодии оҳангсозони ҷавонро пешниҳод менамояд

Декабрь 3, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи композиторони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то 9 январ бахшида ба 80-солагии Иттифоқи мазкур бо иштироки оҳангсозони  ҷавон барномаҳои мусиқӣ доир намояд. Дар робита ба ин имрӯз дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ барномаи мусиқӣ ва маҳфили эҷодии аъзои Иттифоқи композиторони ҷавон баргузор мегардад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов иттилоъ дод, бо мақсади роҳандозии барномаҳои тахассусии мусиқии таълимии телевизионӣ, тасмим гирифта шуд, ки барномаҳои эҷодии оҳангсозони ҷавон доир карда шавад. Ин иқдом бо мақсади тарғиби мусиқии касбӣ ва фароҳам овардани шароит барои татбиқи имкониятҳои эҷодии наврасону ҷавонон равона шудааст.

Зикр гардид, ки тавассути баргузории ин барномаҳо ташаккули низоми самарабахши ҳавасмандгардонии неруи эҷодӣ барои эҷоди асарҳои баландмазмуни замонавӣ, ки ғояи асосии онро тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Ватан ва мероси пурғановати ниёгон ташкил медиҳад, тарғиб карда мешавад.

Мавсуф иброз дошт, ки дар барномаи имрӯза бо иштироки Убайдуллои Иброҳимзода доир гардид. Ҳамчунин дар нақша аст, ки лектории мусиқиии асарҳои эҷонднамудаии композиторони ҷавон Ҷасур Халилов, гирандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Зафар Раҳимӣ ва Фарҳод Зикири пешниҳод гардад.

Ёдовар мешавем, ки мусиқии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат хеле  тараққӣ намуда, на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки  дар арсаи ҷаҳонӣ тоҷиконро чун мардуми санъатдӯсту соҳиби фарҳанги бой муаррифӣ намудааст.

Декабрь 3, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид