Ғизошинос барои интихоби шириниҳо дар Соли нав тавсияҳо дод
ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои дастархони солинавӣ бояд хӯрокҳоро бо ғизонокии камтарин интихоб намуда, ҳамчунин шакарро то ҳадди имкон кам истеъмол намудан зарур аст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ғизошиноси пешбари департаменти нигаҳдории тандурустии Москва Антонина Стародубова 27 декабр дар радиои «Садои Москва» изҳори назар намудааст.
«Навъҳои гуногуни шириниҳои солим мавҷуданд ва инҳо пеш аз ҳама, меваҷот ва албатта, баъзе шириниҳои дар асоси меваҳо бо миқдори ками шакар тайёршуда мебошанд», — омадааст дар иқтибоси Агентии хабарии федералӣ аз суханони мутахассиси соҳа.
Ғизошинос ҳамчунин зикр намуд, ки маҳсулоти қаннодӣ хӯроки идона буда, онро набояд дар як ҳафта зиёдтар аз як маротиба истеъмол намуд.
Қаблан, 27 декабр, «Газета.ру» хабар дод, ки коршиносони интернет-мағозаи «Ozon» як пурсише анҷом додаанд, ки эҳтиёҷи русҳоро ба навъҳои гуногуни маҳсулот арзёбӣ намудааст. Аён шуд, ки дар арафаи Соли нав фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ва молҳои истеъмоли ҳаррӯзаи ғизоӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои сол ду маротиба афзудааст. Масалан, фурӯши майонез 60 фоиз, моҳии намакин ва бодиринги шӯр 7 фоиз кам гардид. Ба ақидаи коршиносон, ин ба он алоқаманд аст, ки шаҳрвандони Россия бо густариши тарзи ҳаёти солим аз рӯи тавсияҳои муқаррарӣ амал намуда, анвои ғизоро ба чизҳои бештар судманд иваз менамоянд ва рӯи миз маҳсулоти на ҳамеша анъанавӣ мегузоранд, навиштааст RT.
14 декабр иттилоъ доданд, ки олимон таъсири шириниро ба ҳолати рӯҳии инсон муқаррар кардаанд. Тибқи гуфтаҳои олимон, таъсири шакар ба паёмадҳои истеъмоли шароб шабоҳат дорад. Ҳамин тариқ, кам гаштани нури офтоб дар фасли сармо ва аз ин сабаб вайрон гаштани низоми даврӣ ба авҷгирии ҳолати рӯҳафтодагӣ мусоидат менамояд.
Акс: Depositphotos








Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд






