Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Тошканд шинос шуд

Декабрь 3, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳайате, ки мавсуф роҳбари он аст, бо ҳамроҳии Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бо ҷараёни  бунёдкориҳо ва дигаргуниҳо дар пойтахти Ӯзбекистон шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВАО-и Ӯзбекистон.

Дар ҷараёни тамошои қисмати метрои рӯизаминӣ, ки дар кӯчаи Фарғона Йулии ноҳияи Яшнобод сохта шудааст, ҳамчунин боздиди қатораи нави метро, ки барои ҳаракат дар хатсайри нав пешбинӣ  гардидааст,  Рустами Эмомалӣ азамати корҳоеро, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаи сохтмон гузаронида шуда истодаанд, зикр карда, иброз дошт, ки барои Тоҷикистон омӯхтани таҷрибаи Тошканд дар ин самт муҳим аст.

Ба ғайр аз ин аъзои ҳайат аз маркази омӯзишии «Ба кор даъват менамоем»-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар ноҳияи Яшнобод  дидан карданд. Зимни боздид аз маркази мазкур меҳмонони олиқадр доир ба кор ва аҳамияти он барои аҳолии шаҳр маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Дар охир ҳайат бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ аз бинои Маркази хизматрасониҳои давлатии ноҳияи Чиланзор, ки чанде пеш ба истифода дода шуд, дидан намуд. Фаъолияти марказ ва шароити муосири барои кори самаранок фароҳамгардида дар он  ба меҳмонон аз Душанбе таассуроти амиқ бахшид.

 

Декабрь 3, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд