Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ӯзбекистон: муносибатҳои Душанбе ва Тошканд ба сатҳи сифатан нав баромаданд

Декабрь 3, 2019 15:15

ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоте, ки дар ҳукумати шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайати расмии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор шуд,  ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳокимияти шаҳри Тошканд.

Ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев  равобити чандинасраи дӯстона ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳанг, урфу одат,  анъанаҳои муштарак ва  дини ягонаро, ки аҳолии ду мамлакатро  ба ҳам мепайвандад, таъкид намуда, барои  рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷонибаи Душанбе ва Тошканд  изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Рустами Эмомалӣ барои пазироии самимӣ  ва  фазои  дӯстона   изҳори сипос намуда, зикр кард, ки  ҷониби Тоҷикистон  ба тағйирот ва навсозиҳо дар Тошканд таваҷҷуҳи зиёд дорад ва тасмим  гирифтааст  бо фаъолияти соҳаи сохтмони ин шаҳр шинос шавад. Раиси шаҳри Душанбе  ёдовар шуд, ки соли оянда ташкили Рӯзҳои Тошканд дар Душанбе ва дар доираи онҳо баргузор кардани  форуми ҷавонон дар назар аст.

Инчунин  зимни мулоқот Созишнома оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд барои солҳои 2020-2021 ба имзо расид.

Декабрь 3, 2019 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд