ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 336-умин рӯзи соли 2019 аст

Декабрь 2, 2019 08:00

2 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» имзо карданд.

***

3 сол пеш, 2 декабри соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимию таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти номи рамзии «Салом алейкум, халқҳои ҳамеша дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон!» намоиш баргузор гардид.


2 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди  ғуломдорӣ.

***

Дар Россия- Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Мянма- иди миллӣ.


РӮЙДОДҲО:

2 декабри соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия машварати коршиносони тоҷику рус оид ба муҳокимаи созишномаҳо дар самти муҳоҷират баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои фарҳанг, рушди соҳаи сайёҳӣ, маориф ва омодасозии кадрҳои санъати тасвирӣ муҳокима шуданд.

***

2 декабри соли 1870 Рим пойтахти Шоҳигарии Италия эълон шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1977 дар натиҷаи ба садама дучор шудани ҳавопаймои Ту-154 дар наздикии шаҳри Ал-Байдаи Лубнон қариб 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

2 декабри соли 2010 дар  iPhone мессенҷери Viber кушода шуд.


ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 оши палови Тоҷикистон ба феҳристи созмони илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО ворид гардид.

***

Соли 1971 аввалин маротиба дар рӯйи сайёраи Марс дастгоҳи «Марс-3» фуруд омадааст.

 

 Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Декабрь 2, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, душанбе, 299 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, якшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, шанбе, 297-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 295 — умин рӯзи соли 2026 аст