ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони маҳаллии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони хусусӣ месозанд

Январь 20, 2020 15:17

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони Парчами давлатӣ бо баландии 36 метр ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, майдони Парчами давлатӣ дар саҳни бинои ҷамоат дар 0,22 гектар бунёд мегардад. Дар атрофи Парчами давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, барои фароғати кӯдакон арғунчакҳои муосир гузошта мешаванд.

Инчунин дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 0,37 гектар кӯдакистони хусусӣ бунёд гардида истодааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин муассисаи томактабӣ 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, 150 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Маблағи лоиҳавии иншоот 1 миллион сомониро ташкил дода, айни замон 90 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, чароғонкунии кӯчаву атрофи иншоот, тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ супоришҳои мушаххас дода шудаанд.

Январь 20, 2020 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд