Қадамҳои муассир дар роҳи саноатикунонии мамлакат. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маротиб афзуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2020/АМИТ «Ховар»/. «Саноатчиёни тоҷик дар соли сипаригардида фаъолияти худро ба таври густурда ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиарду 586 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 3 миллиарду 809,4 миллион сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 113,6 фоизро ташкил дод, — иброз дошт Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи саноати мамлакат дар соли сипаригардида дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат.
Гуфта шуд, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 114,2 фоиз, саноати маъдани кӯҳӣ зиёда аз 117, масолеҳи сохтмон беш аз 114, саноати сабук наздик ба 124 фоиз, мошинсозӣ наздик ба 130 фоиз, саноати табъу нашр 109 фоиз, хӯрокворӣ зиёда аз 109 фоиз, корхонаҳои пахтатозакунӣ беш аз 102 фоиз, нафт ва газ 117,6 фоиз ва электроэнергетика наздик 120 фоизро ташкил додааст.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар соли сипаригардида 256 корхонаи азими саноатии мамлакат фаъолияти худро бо афзоиш ҷамъбаст намуда, ба маблағи 14,6 милиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки дар қиёс нисбати соли 2018 -ум 4,6 миллиард сомонӣ зиёд гардидааст. Вазири саноат доир ба дастуру ҳидоятҳо ва нуқтаҳои муҳими соҳаи саноат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шуданд, ибрози андеша намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Бояд зикр кард, ки соли гузашта барои саноатчиёни мамлакат соли хотирмон буд, зеро 14 октябри соли 2019 мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни мамлакат доир гардид, ки он аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба соҳаи саноат шаҳодат медиҳад. Ин мулоқот саноатчиёни мамлакатро бори дигар водор сохт, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегии давлат ва гузариши иқтисодиёти мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ фаъолияти пурсамар намуда дар рушди иқтисодёти кишвар саҳми худро гузоранд. Дар ин росто, дар ҷаласаи ҳайати мушовара ба масъулини соҳаҳо дастур дода шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.










Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид






