Қадамҳои муассир дар роҳи саноатикунонии мамлакат. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маротиб афзуд

Январь 16, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 16.01.2020/АМИТ «Ховар»/. «Саноатчиёни тоҷик дар соли сипаригардида фаъолияти худро ба таври густурда ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиарду 586 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 3 миллиарду 809,4 миллион сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 113,6 фоизро ташкил дод, — иброз дошт Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи саноати мамлакат дар соли сипаригардида дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат.

Гуфта шуд, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 114,2 фоиз, саноати маъдани кӯҳӣ  зиёда аз 117,  масолеҳи сохтмон беш аз 114, саноати сабук наздик ба 124 фоиз,  мошинсозӣ наздик ба 130 фоиз,  саноати табъу нашр 109 фоиз, хӯрокворӣ зиёда аз 109 фоиз, корхонаҳои пахтатозакунӣ беш аз 102 фоиз, нафт ва газ 117,6 фоиз ва электроэнергетика наздик  120  фоизро ташкил додааст.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар соли сипаригардида 256 корхонаи азими саноатии мамлакат фаъолияти худро бо афзоиш ҷамъбаст намуда, ба маблағи 14,6 милиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки  дар қиёс нисбати соли 2018 -ум 4,6 миллиард сомонӣ зиёд гардидааст. Вазири саноат доир ба дастуру ҳидоятҳо ва нуқтаҳои муҳими соҳаи саноат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шуданд, ибрози андеша намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Бояд зикр кард, ки соли гузашта барои саноатчиёни мамлакат  соли хотирмон буд, зеро 14 октябри соли 2019 мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни мамлакат доир гардид, ки он аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба соҳаи саноат шаҳодат медиҳад. Ин мулоқот саноатчиёни мамлакатро бори дигар водор сохт, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегии давлат ва гузариши иқтисодиёти мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ фаъолияти пурсамар намуда дар рушди иқтисодёти кишвар саҳми худро гузоранд. Дар ин росто,  дар ҷаласаи ҳайати мушовара ба масъулини соҳаҳо дастур дода шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Январь 16, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд