Ҳайдар Одиназода, ректори ДТТ: дар тӯли 20 соли оянда мо бояд мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ омода намоем
ДУШАНБЕ, 28.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода дар ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020-2040 изҳори андеша карда, зикр намудааст, ки дар ин муддат «мо бояд чун соҳибкасбони ҷаҳонӣ омода сохтани кадрҳои муҳандисӣ ҳиссагузор бошем».
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора профессор Ҳайдар Одиназода зимни як мақолаи худ, ки таҳти унвони «Омӯзиши илмҳои дақиқ пойдевори рушд аст» 10 январи ҳамин сол дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, изҳори ақида кардааст.
Ба андешаи Ҳайдар Одиназода, барои дар сатҳи зарурӣ ва ҷавобгӯйи бозори меҳнати ҷаҳонӣ тайёр кардани мутахассисони техникӣ донистани илмҳои дақиқ муҳим аст. Омӯзонидани илмҳои дақиқ бояд дар сатҳи зарурӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар шуда, баъдан ин илмҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар шакли касбу ҳунари муайян омӯхта шаванд. Дар ин иртибот, «ин иқдом (эълони Бистсола – тавз. АМИТ «Ховар») барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар таҳаввулоти бузургеро дар пай хоҳад дошт, — менависад Ҳ. Одиназода. – Омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тафаккури техники шахсиятро инкишоф дода, завқи онҳоро ба касбҳои муҳандисӣ зиёд мекунад».
Дар тақвияти фикри худ порофессор Одиназода мосолҳои қобили таваҷҷуҳ оварда, аз ҷумла, чунин менависад: «Саромади фанҳои дақиқ математика буда, барои фикрронии дурусту мантиқӣ муфид аст. А. Суворов математикаро гимнастикаи ақл номидааст… Математика илми дақиқ аст ва саҳву хатокориро намеписандад. Ана ҳамин хусусияти математика боиси ихтирооти бузург то ба суперкомпютерҳои имрӯза гардидааст».
Бино ба навиштаи Одиназода, «мисриёни қадим бо истифода аз илмҳои дақиқ аҳромҳои бузурги худро сохтаанд. Мардуми бостонии Ҳинду Чин ҳам ба ин фанҳо аҳамияти ҷиддӣ додаанд. Гузаштагони бофарҳанги мо низ ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳ карда, ба пояҳои баланди илмӣ расидаанд, ки имрӯз аз натиҷаи кори онҳо ҷаҳон бархӯрдор аст».
Ректори ДТТ дар ин раванд аз риёзидонон ва ситорашиносони арсаи ҷаҳонии тоҷику форс чун Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Умари Хайём, Абӯнасри Форобӣ, Ҳомиди Ҳучандӣ ва дигарон ёдовар шудааст, ки имрӯз илми ҷаҳон аз онҳо баҳра мегирад.
«Имрӯз давраи тақдирсозе фаро расидааст, ки барои Тоҷикистонро ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додан заҳмат мебояд ва заҳмати беасбоб камсамар аст. Асбоби мутахассиси саноатигардонӣ, пеш аз ҳама, тафаккури техникӣ аст, ки он омӯзиш мехоҳад ва такмил додани донишҳои техникии мутахассис ба манфиати кор аст». – хулоса кардааст Ҳайдар Одиназода.








Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд






