Ҷамшед Аҳмадзода: «Сифати иншооти сохтмонӣ дар мамлакат зери назорати доимӣ қарор дорад»

Январь 31, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сифати иншооти сохтмонӣ дар мамлакат зери назорати доимӣ қарор дорад, — иброз дошт имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба зикри мавсуф, соли гузашта аз ҳисоби мутахассисони мақомоти дахлдор комиссия ташкил карда шуд. Танҳо  дар шаҳри Душанбе сифати сохтмони 204 бино аз назар гузаронида шуд. Дар ҷараёни санҷиш бетон, арматура ва дигар  масолеҳи дар сохтмон истифодашаванда дида шуд.

«Дар иншооти сохтмонии мамлакат асосан арматураҳои истеҳсоли Россия ва Қазоқистон, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, истифода бурда мешаванд»,- таъкид намуд Ҷамшед Аҳмадзода.

Бояд зикр намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мавриди бахрабардорӣ қарор додани иншооти дорои аҳамияти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ пайваста дастур медиҳанд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба роҳ монда шаванд.

Мутобиқ ба талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба корҳои сохтмониву васлкунӣ дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  санҷишҳо гузаронида шуданд. Илова бар ин вобаста ба корҳои сохтмониву васлкунӣ 3741 синҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа ба маблағи 841650,0 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Имрӯз шумораи иншооти сохтмонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 1483 ададро ташкил медиҳад. Ҳамзамон   аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 62 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд.

Январь 31, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард