Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикобод 18 иншооти хурду бузурги аҳамияти ҷамъиятидошта бунёд гардид

Январь 13, 2020 15:55

ДУШАНБЕ, 13.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 69 иншооти хурду бузурги аҳамияти ҷамъиятидошта ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2019 сохтмони 18  иншооти муҳими хоҷагии халқ ба анҷом расонида шуд. Ин нукта зимни маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Тоҷикобод баён гардид. 

Зикр шуд, ки дар ин давра бинои дуошёнаи шабакаи барқ, бинои маъмурии суди ноҳия, бинои нави дуошёнаи кӯдакистон, майдони Нишон ва Парчами миллӣ, мумфарш ва чароғонкунии роҳҳои маркази ноҳия, маркази бонувон, таъмири роҳҳои байни деҳот, кашидани хати оби нӯшокӣ, таъмиру барқарорсозии каналҳо, бунёди 6 майдончаи варзишӣ ва марказҳои тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар якчанд иншооти ҷашнӣ, аз қабили бинои шуъбаи фарҳанг, бинои замонавии кумаки аввалияи тиббӣ, сохтмони боғи фарҳангӣ фароғатии маркази ноҳия, инчунин дар якчанд синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ изҳори нигаронӣ шуд, ки бо вуҷуди кам мондани муҳлат то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъзе иншооте, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳанӯз корҳои сохтмонӣ оғоз нагардидааст. Дар ин радиф метавон якчанд иншоотро ном бурд, аз ҷумла бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №1, сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия бо  маблағгузории Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави беморхонаи марказии ноҳия бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди коргоҳи истеҳсоли макарон дар шаҳраки Тоҷикобод аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани сокинони маркази  ноҳия бо оби тозаи нӯшиданӣ аз ҳисоби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Вазорати молия ва ҳукумати  ноҳияи Тоҷикобод, ки аз иншооти ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, сохтмони онҳо ҳанӯз ҳам оғоз нагардидааст.

Дар ин маҷлис зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои соҳаи маориф  дар соли 2019 ин зимни сафари кории Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо шудани 76 квотаи президентӣ  барои дохил шудани духтарони ноҳия  ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.

Январь 13, 2020 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд