Байни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд мегардад

Январь 2, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 02.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда байни ду давлати ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд карда шавад. Дар ин росто, дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои сарчашма, ба санади мазкур аз ҷониби Тоҷикистон  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс  имзо гузоштанд.

Санади мазкур дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст шудан бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обии Бандар Аббосу Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон замина мегузорад.

Ҳамзамон татбиқи тарҳи мазкур  барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани роҳҳои оҳан, ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон такон бахшида, ба кам шудани хароҷоти нақлиётии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, тақвияти рушди содирот, афзоши ҳаҷми боркашонӣ бо Афғонистон ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди мамлакат бо назардошти кам кардани сарбории роҳ мусоидат менамояд.

Инчунин татбиқи тарҳи бунёди роҳи оҳан байни Тоҷикистон  ва Афғонистон барои роҳ ёфтан ба бозори минтақа ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ замина эҷод менамояд, зеро то ҷое мусаллам аст, дар ҷануби Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» таъсис дода шудаанд. Инчунин корхонаҳои гуногуни  коркарди маҳсулоти нафтӣ, истеҳсоли креолит ва семент фаъолият доранд, ки иқтидори истеҳсолии онҳо бо гардиши бор дар як сол 5 миллион тонна пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Созишномаи мазкур дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки моҳи июли соли 2019 дар Душанбе доир шуда буд, матраҳ гардида, ҷонибҳо барои ба имзо расонидани  он ба мувофиқа расида буданд.

Январь 2, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
‎Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд