Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб узви Иттиҳодияи байналмилалии боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растанӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб аъзои Иттиҳодияи байналмилалии боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растанӣ (BGCI — Botanic Gardens Conservation International) гардид. Боғи ботаникии Кӯлоб ба узвияти Иттиҳодияи байналмилалии боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растанӣ моҳи октябри соли 2019 пазируфта шуда, дар Тоҷикистон ягона боғи ботаникии узви ин Иттиҳод мебошад. Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев иброз намуд, тавассути узвият боғҳои ботаникӣ метавонанд барои гузаштан аз аккредитатсия ба Иттиҳодия муроҷиат намоянд. Инчунин муассисаҳои аъзо метавонанд доир ба дигар боғҳои ботаникии дунё маълумоти пурра ба даст оранд ва аз кору фаъолиятҳои онҳо бохабар бошанд. Барои аъзои Иттиҳодия имкон аст, ки аз махзани маълумотҳои ҷустуҷӯи дарахтҳои ҷаҳонӣ (Global Tree Search), ҷустуҷӯи таҳдиди растаниҳо (Threat Search) ва ҷустуҷӯи олами наботот (Plant Search) дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳоло беш аз 800 боғи ботаникии 118 давлати ҷаҳон аъзои он мебошад.
Ба маълумоти номбурда, соли 1987 бо дастгирии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) Иттиҳодияи байналмилалии боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растаниҳо ҳамчун як котиботи хурд барои муттаҳид намудани боғҳои ботаникӣ ва дигар ташкилотҳо ба шабакаи глобалӣ бо мақсади ҳифзи гуногунии намудҳои олами наботот таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб соли 1985 бо ташаббуси муштараки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати маҳаллии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт. Боғ дар қисми шимолу шарқии шаҳри Кӯлоб, дар баландии 630-647 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, масоҳаташ 18 га мебошад.
Ин боғ дар Ҷануби Тоҷикистон буда, аввалин муассисаи илмӣ-академӣ аст. Вазифаҳои асосии он чун дигар боғҳои ботаникӣ ҷустуҷӯи роҳҳои гуногуни мутобиқ кунонидани дарахтон, буттаҳо, гулҳо, растаниҳои шифобахш ва хӯрокӣ мебошад.
Аз минтақаҳои гуногун дастрас кардан, овардан, коштани тухмҳои набототи қитъаҳои гуногун ва омeхтани хусусиятҳои био-экологӣ ва мутобиқшавии онҳо дар муҳити нав; омӯзиши ҳаматарафаи хусусиятҳои биологӣ ва экологии намудҳои набототи ҷамъовардашуда; дар қитъаҳои ҷуғрофӣ ба тартиби муайян ҷойгир кардани намудҳои гирдоварда; муҳофизати набототи маҳаллие, ки ба онҳо нестшавӣ таҳдид мекунад ва аз сари нав паҳн кардани онҳо дар манотиқи табиӣ; омӯзиши тарзу усулҳои боғикунонии набототи худруйи фоидаовар, аз қабили зира, субинак, xамбилак, қарақорт, зелол ва ғайра; зиёд кардан ва тавсия намудани дарахтон, буттаҳо ва гулҳои нодир аз вазифаҳои асосии кормандони боғ ба ҳисоб меравад.
«Солҳои охир кормандони боғи ботаникӣ якчанд мавзеи Тоҷикистони Ҷанубиро мавриди омӯзиш қарор дода, зиёда аз 200 намуди растаниҳои маҳалиро ҷамъоварӣ намуданд, ки 42 намудашон дар «Китоби сурхи Тоҷикистон» ва «Китоби сурхи Осиёи Миёна» қайд гардидаанд. Боғ ҳамчун озмоишгоҳи илмӣ барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, филиали Донишгоҳи Технологии Тоxикистон ва коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ хизмат менамояд. Дар ин ҷо донишҷӯён ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти набототи мамлакат ва дигар манотиқи хориҷӣ шинос шуда, худашон бевосита мушоҳида ва таҳқиқоти илмии биологӣ, экологӣ бурда, хусусиятҳои мутобиқшавии набототро ошкор менамоянд»,-илова намуд директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»













ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мастчоҳ 70 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор ҷиҳати татбиқи он чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 200 гектар ҷангалзор барқарор карда мешавад
Парвариши ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ ба мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи мошингарди Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор беш аз 3000 бех дарахти арча шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат беш аз 42 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
Дар Тоҷикистон ниҳолшинонӣ дар се марҳила гузаронида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН. Дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе беш аз 500 бех ниҳоли ороишии санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 30 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг тақрибан 10 ҳазор бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои канори шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ-Ваҳдат садҳо бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд






