Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон ҷамъбаст гардиданд

Январь 10, 2020 16:43

БОХТАР, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои соли 2019 ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, муовинони раиси вилояти Хатлон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилоту корхонаҳо ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон гузориш дода, зикр намуд, ки соли 2019 дар тамоми соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон нишондодҳои мусбат ба даст омаданд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020 98% таъмин карда шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят ба маблағи 469 миллион доллар дар шаҳру ноҳияҳои он 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда истодаанд.

Гардиши савдои хориҷии вилоят 404,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 36,4 миллион доллар зиёд мебошад. Дар гардиши савдои хориҷӣ содирот 46% ва воридот 54%-ро ташкил дод. Ҳиссаи нахи пахта дар содироти молҳо 23%, калобаҳои ресандагӣ 21%, семент 15% ва неруи барқ ​​34%-ро ташкил дод.

Соли гузашта содироти мол асосан ба Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва Покистон сурат гирифт.

Баъдан Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сухан ронда, муҳимияти чорабиниҳои бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро махсус таъкид намуд.

Сипас, натиҷаҳои озмуни «Ободгари Ватан», ки бо Қарори Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз соли 2019 то 2021 дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад, ҷамъбаст гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Зимни ҷаласа Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ба соҳибкорони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар фазои тантанавӣ туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро тақдим намуд.

Ғолибони озмуни «Ободгари Ватан» барои саҳмашон дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъмири муассисаҳои таълимӣ мукофотонида шуданд.

Январь 10, 2020 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд