Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон соли 2021 дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад

Январь 16, 2020 13:48

ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) ва Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон соли 2021 дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Созишномаи мазкур  зимни сафари президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ба Ӯзбекистон бо раиси Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон Азизҷон Комилов имзо шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, бояд Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар пойтахти Австрия баргузор мегардид. Бинобар сабаби танишҳои коррупсионӣ Вена аз мизбонии чемпионати ҷаҳон даст кашид.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар таърихи дзюдо IJF ва Федератсияи байналмилалии варзиши нобиноён (IBSA) ба нақша гирифта шуд, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдоро соли 2021 якҷо доир намоянд. Гуфта мешавад, ки мусобиқоти IBSA пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо доир хоҳад шуд.
Баргузории Чемпионати ҷаҳонии дзюдо соли 2022 дар Будапешт ва соли 2023 дар Доҳа ба нақша гирифта шудааст.

Январь 16, 2020 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд