Чемпионати Аврупо-2022 оид ба намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Рим баргузор мегардад

Январь 7, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи шиноварии Аврупо (LEN) пойтахти Италия — шаҳри Римро расман пойтахти Чемпионати Аврупо дар соли 2022 оид ба намудҳои варзиши обӣ эълон намуд.  Дар ин бора аз Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, баъд аз  мусобиқаи соли 1983 маротибаи дуюм аст, ки 36-умин мусобиқаи аврупоӣ дар шаҳри Рим баргузор мегардад.

Чемпионати  Аврупо оид ба намудҳои варзиши обӣ аз 11 то 21 августи соли 2022 баргузор гардида, дар он  иштироки 1500 нафар варзишгарон аз 52 давлати ҷаҳон дар назар аст.

Инчунин тибқи қарори  охирини ҷаласаи лигаи  шиноварӣ Чемпионати Аврупо-2020 дар Будапешт, Чемпионати Аврупо-2022 дар Рим ва Чемпионати Аврупо-2024 дар Федератсияи Россия- шаҳри Қазон ва ё Нижний Новгород баргузор карда  мешаванд.

Январь 7, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад