Чемпионати Аврупо-2022 оид ба намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Рим баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи шиноварии Аврупо (LEN) пойтахти Италия — шаҳри Римро расман пойтахти Чемпионати Аврупо дар соли 2022 оид ба намудҳои варзиши обӣ эълон намуд. Дар ин бора аз Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, баъд аз мусобиқаи соли 1983 маротибаи дуюм аст, ки 36-умин мусобиқаи аврупоӣ дар шаҳри Рим баргузор мегардад.
Чемпионати Аврупо оид ба намудҳои варзиши обӣ аз 11 то 21 августи соли 2022 баргузор гардида, дар он иштироки 1500 нафар варзишгарон аз 52 давлати ҷаҳон дар назар аст.
Инчунин тибқи қарори охирини ҷаласаи лигаи шиноварӣ Чемпионати Аврупо-2020 дар Будапешт, Чемпионати Аврупо-2022 дар Рим ва Чемпионати Аврупо-2024 дар Федератсияи Россия- шаҳри Қазон ва ё Нижний Новгород баргузор карда мешаванд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






