ЧЕМПИОНАТИ СAFA-2020 ОИД БА ФУТЗАЛ: дастаҳои Эрон ва Ӯзбекистон- пешсафи мусобиқот

Январь 27, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар Душанбе бозиҳои даври сеюми  чемпионати Ассотсиатсияи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба футзал байни духтарони то 19-сола баргузор гардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр бо ҳисоби 0:2 аз дастаи Қирғизистон шикаст хӯрд.

Дастаҳои мунтахаби Эрон ва Ӯзбекистон баъд аз се давр бо 9- имтиёзӣ пешсафи ин мусобиқот мебошанд.

Чемпионати СAFA-2020 оид ба футбзал байни духтарони то 19-сола аз 24 то 29 январ баргузор мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар Душанбе баргузор шуда истодаанд.

Дар умум дар доираи чемпионати СAFA-2020 15 бозӣ баргузор карда мешаванд. Мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ ҷараён гирифта, ҳар як даста бо ҳамдигар як маротибагӣ дидор анҷом медиҳад. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз касб мекунад, ғолиби мусобиқа мегардад.

Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал байни духтарони то 19-сола:

 Даври якум

24 январ (ҷумъа)

12:00 – Қирғизистон – Афғонистон — 3:0

15:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН – 15:0

18:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон — 4:1

 Даври дуюм

25 январ (шанбе)

12:00 – Эрон – Афғонистон — 16:1

15:00 – ТОҶИКИСТОН – Туркманистон — 2:3

18:00 – Ӯзбекистон – Қирғизистон – 7:4

Даври сеюм

26 январ (якшанбе)

12:00 – Туркманистон – Эрон 0:12

15:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон — 0:2

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3

Даври чорум

28 январ (сешанбе)

12:00 – Қирғизистон – Туркманистон

15:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

18:00 – Ӯзбекистон – Эрон

Даври панҷум

29 январ (чоршанбе)

12:00 – Туркманистон – Афғонистон

15:00 – ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

18:00 – Эрон – Қирғизистон

Акс аз ФФТ

 

Январь 27, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд