«Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»-таҳти ин ном дар Душанбе Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ доир мегардад

Январь 21, 2020 09:52

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷиро доир менамояд.

Ба иттилои шуъбаи матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам  мебошад. Дар  Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ ҷавонони ҳунарманду эҷодкор аз ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ  метавонанд бо рақсу суруд ва таронаҳои миллии худ иштирок намоянд.

Хоҳишмандон метавонанд рақс ва сурудҳои худро то 10 марти соли 2020 тавассути почтаи электронии kjvs.1997@mail.ru ба унвони Кумита ирсол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки маротибаи дуюм аст бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»  доир мешавад.

Соли  2019 дар фестивали мазкур намояндагони беш аз 12 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония ва Туркия иштирок намуда, барномаҳои ҷолибе ба намоиш гузошта буданд.

Январь 21, 2020 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд