Дар Австрия Конфронси байналмилалии «Пешгирии ҷиноятҳо ва зӯроварӣ миёни ҷавонон тавассути варзиш» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия дар мавзӯи «Пешгирии ҷиноятҳо ва зӯроварӣ миёни ҷавонон тавассути варзиш» конфронси байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар он намояндагони беш аз 187 кишвари олам иштирок доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронси мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Хоҷазода намояндагӣ менамоянд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронси мазкур ду рӯз идома ёфта, намояндагони давлатҳои ҷаҳон вобаста ба масъалаи мазкур дар таҷрибаи давлати хеш сухан мегӯянд.
Мавриди зикр аст, ки Конфронси байналмилалии «Пешгирии ҷиноятҳо ва зӯроварӣ миёни ҷавонон тавассути варзиш» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он табодули таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон мебошад.
Дар кори конфронс намояндагони Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ва саҳми Ҳукумати ҷумҳурии мо дар доираи қарорҳои дахлдори СММ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






