Дар Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола дастаи бонувони Эрон ғолиб дониста шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2020 (АФОМ) оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо пирӯзии дастаи Эрон ба анҷом расид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи чемпионат 15 бозӣ тибқи системаи даврӣ дар як давр доир гашт.
Дастаи бонувони Эрон дар 5 бозӣ пирӯз гашта, соҳиби медалҳои тилло ва ғолиби чемпионат дониста шуд. Медалҳои нуқра бо гирифтани 12 хол насиби дастаи бонувони Ӯзбекистон шуд ва ҷои сеюмро дастаи Туркманистон бо 9 хол ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола аз 24 то 29 январ дар шаҳри Душанбе доир шуда, дар он дастаҳои мунтахаб аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок намуданд.
Натиҷаи Чемпионати АФОМ-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола:
Даври 1-ум
Эрон – Тоҷикистон – 15:0
Қирғизистон – Афғонистон – 3:0
Ӯзбекистон – Туркманистон – 4:1
Даври 2-юм
Тоҷикистон – Туркманистон – 2:3
Эрон – Афғонистон – 16:1
Ӯзбекистон – Қирғизистон – 7:4
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:2
Туркманистан – Эрон – 0:12
Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3
Даври 4-ум
Қирғизистон – Туркманистон – 1:2
Афғонистон – Тоҷикистон – 3:3
Ӯзбекистон – Эрон – 1:7
Даври 5-ум
Туркманистон – Афғонистон – 9:0
Тоҷикистон – Ӯзбекистон – 2:7
Эрон – Қирғизистон – 2:0








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






