Дар Душанбе Чемпионати CAFA оид ба футзал миёни духтарон доир мегардад

Январь 9, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз 24 то 29 январ дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чемипионат 6 дастаи мунтахаб аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Дар доираи Чемпионати CAFA-2020 миёни духтарони то 19-сола ҳамагӣ 15 бозӣ баргузор мешаванд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Дар мусобиқа Тоҷикистонро дастаи мунтахаби бонувони ҷавон оид ба футзал бо роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев намояндагӣ мекунад.

Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

Даври 1-ум

24 январ (ҷумъа)

Эрон – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Афғонистон

Ӯзбекистон – Туркманистон

Даври 2-юм

25 январ (шанбе)

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Ӯзбекистон – Қирғизистон

Эрон – Афғонистон

Даври 3-юм

26 январ (якшанбе)

Туркманистон – Эрон

Афғонистон – Ӯзбекистон

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4-ум

28 январ (сешанбе)

Қирғизистон – Туркманистон

Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Ӯзбекистон – Эрон

Даври 5-ум

29 январ (чоршанбе)

Туркманистон – Афғонистон

Эрон – Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

Тавзеҳ: Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.

Январь 9, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид