Дар Душанбе шаҳраки нав — №163 бунёд мегардад

Январь 24, 2020 13:14

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳудуди кӯчаҳои Шевченко, Бухоро ва Ҷалол Икромӣ шаҳраки 163 –юми шаҳри Душанбе  бунёд мегардад. Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  тибқи Нақшаи генералии  пойтахт Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳраки 163-ро  дар пойтахт  таҳия  намуд.  Бо  дастуру  супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони биноҳои маъмурию истиқоматӣ дар шаҳраки  мазкур тибқи  талаботи муосири шаҳрсозӣ ба роҳ монда шуда, дар онҳо  унсурҳои меъмории миллӣ истифода мегарданд.

Дар ин бора  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Масоҳати ҳудудҳои қитъаи тарҳрезишудаи шаҳраки мазкур  40,00 гектарро дар бар  гирифта, дар  5,80 гектари он биноҳои истиқоматӣ  бунёд мегарданд. Шумораи биноҳои истиқоматии дар ин макон бунёдшаванда 75 ададро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин Саидмуъминов, дар шаҳраки нав  дар  масоҳати  0,90 гектар  сохтмони биноҳои маъмурӣ, ки 7 ададро ташкил медиҳанд, ба нақша гирифта шудааст.  Ҳамчунин  дар масоҳати 0,70 га  сохтмони биноҳои иҷтимоӣ, ки шумораи онҳо 4 адад муқаррар гардидааст, дар назар аст.

«Дар  шаҳраки нави замонавӣ  дар  масоҳати 8,00 гектар   роҳҳои мошингард, 6,90 гектар  пиёдароҳҳо бунёд  мешаванд.  Ҳудуди   14,00 гектари шаҳраки нав сабзазор  мегардад. Бо инобати васеъшавӣ навсозии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №52,  боғчаи кӯдаконаи №73  «Садбарг» ва ду адад боғчаҳои кӯдаконаи лоиҳавӣ барои 150- нафарӣ,  муассисаҳои томактабӣ  барои 75 кӯдак (дар ошёнаҳои аввали биноҳои истиқоматӣ) ва  марказҳои хизматрасонии тиббии оилавӣ,  нозироти минтақавӣ  (дар ошёнаҳои аввали биноҳои лоиҳавӣ)  ба нақша гирифта шудаанд.

Дар шаҳраки замонавӣ биноҳои истиқоматии серқабата ва миёнаошёна, марказҳои  хизматрасонӣ, кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳи 1 ва 2-ошёнагӣ  бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинони он  бунёд карда мешаванд.

Январь 24, 2020 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид