Дар шаҳри Роғун ҷашни Садаро пуршукӯҳ таҷлил намуданд

Январь 25, 2020 11:44

РОҒУН, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи Сада дар маркази шаҳри Роғун ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он маҳсулоти кишоварзон ва дастранҷи заҳматкашон ба маърази сокинони шаҳр пешниҳод гардид. Афрӯхтани гулхан, нақшу нигор ва гӯшаи ҳунарҳои дастии сокинони шаҳри Роғун ба ҳусни ҳамоиш таровати тоза зам намуд.

Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода ҳозиринро бо ин иди фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки “Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат, мужда аз фасли зебои сол, яъне баҳор ва оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Ин ҷашн ба ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири анъанаҳои миллии мо табдил ёфта, мардуми қадимӣ ва кишоварзу косиб будани ориёитаборонро исбот менамояд.

Маросиму суннатҳои ин ҷашни бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд”.

Зикр гардид, ки таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди шаҳри Роғун  дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд.

Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин  сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ монда,  ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамоянд.

 

Январь 25, 2020 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад