Дар Теҳрон хабар доданд, ки ҳавопаймои украинии суқуткардаи Боинг 737 дар ҳаво оташ гирифтааст
ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои украинии Боинг-737, ки дар Теҳрон суқут кард, ҳанӯз то бархӯрдаш ба замин оташ гирифт. Бино ба хабари АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС , ин дар таҳқиқи ибтидоии садама қайд гардидааст, ки онро Ташкилоти ҳавопаймоии шаҳрвандии Эрон ба итмом расонда, рӯзи панҷшанбе аз ҷониби Тасним ба табъ расидааст.
«Ҳавопаймо дар ҳаво оташ гирифт. Аз рӯи гуфти шоҳидони ҳол, оташ дар дохили ҳавопаймо намоён шуда, ба қанотҳои он паҳн гашта буд», -изҳор доштааст Ташкилоти ҳавопаймоии шаҳрвандии Эрон. Дар ҳисобот ҳамчунин зикр гардидааст, ки «баъди ба замин бархӯрдан таркиш ба амал омад.»
Боинг -737 пас аз ошкор гардидани мушкили техникӣ тоб хӯрда, ба фурудгоҳ баргашт, -қайд шудааст дар таҳқиқоти ибтидоӣ.
«Хати парвози ҳавопаймо, ки сараввал аз фурудгоҳ ба ғарб парвоз мекард, нишони он аст, ки баъд аз пайдо гаштани мушкилоти техникӣ он роҳашро дигар карда, сӯи фурудгоҳ тоб додааст», — омадааст дар ҳисобот. Инчунин қайд шудааст, ки «ҳангоми рух додани садама ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт».
Ба ҷуз ин, мутобиқи ҳисобот, аз сӯи аъзои сарнишинон «дар бораи ягон ҳодисаи ғайримуқаррарӣ» хабаре нарасидааст.
Акс: © EPA-EFE/ABEDIN TAHERKENAREH








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






