Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Июнь 25, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли 2026 дар Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои пӯшидани либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд. Дар ин хусус шабакаи телевизионии Қазоқистон бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин маҳдудият бо мақсади таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва имкони муайян намудани шахсият дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷорӣ шудааст. Дар чунин мавридҳо чеҳраи шаҳрванд бояд барои муайян намудани шахсият намоён бошад.

Барои маротибаи  аввал вайрон намудани ин талабот одатан огоҳӣ дода мешавад. Дар  мавриди  такроран содир намудани қонунвайронкунӣ дар давоми як сол нисбат ба шаҳрванд ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳандаи ҳисобӣ (43 ҳазору 250 танга) татбиқ мегардад.

Ҳамзамон қонунгузории Қазоқистон як қатор истисноҳоро низ пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, маҳдудият нисбат ба ҳолатҳое, ки чеҳра бо сабаби номусоидии обу ҳаво, нишондодҳои тиббӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ пӯшонида мешавад, татбиқ намегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаҳои таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи тартибот ва арзишҳои миллӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Солҳои охир бо мақсади пешгирии тақлид ба фарҳангҳои барои ҷомеа бегона ва ҳифзи ҳувияти миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои гуногуни маърифатӣ таҳким бахшида  мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки намоён будани чеҳраи шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муайянсозии саривақтии шахсият ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат намуда, яке аз омилҳои муҳими таъмини амният ва суботи ҷомеа маҳсуб мешавад. Дар ин замина, таҷрибаи давлатҳои гуногун таваҷҷуҳи рӯзафзуни мамлакатҳоро ба масъалаҳои амнияти ҷамъиятӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нишон медиҳад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 25, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид