Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи Аврупо эълон намуд, ки «Meta Platforms» барои таъмини ҳифзи кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоии Инстаграм ва Фейсбук тадбирҳои кофӣ наандешидааст. Ин амал қоидаҳои рақамии Иттиҳоди Аврупоро вайрон мекунад. Дар ин хусус агентии Казинформ бо истинод ба «Euronews» хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Комиссияи Аврупо, кӯдакони то 13-сола, сарфи назар аз маҳдудияти мавҷуда, ҳамоно аз ин платформаҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Тибқи арзёбии онҳо, ҳиссаи чунин корбарон тақрибан 10–12 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи қоидаҳои ширкат, истифода аз хизматрасониҳо танҳо аз 13-солагӣ иҷозат дода мешавад. Аммо, тибқи маълумоти Комиссияи Аврупо, низоми санҷиши синну сол заиф буда, корбарон метавонанд бе тасдиқ ҳар гуна санаи таваллудро нишон диҳанд.
Ҳамчунин танзимгарон изҳор доштаанд, ки ширкат маълумоти илмиро вобаста ба хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ба назар нагирифтааст. Сухан аз таъсири эҳтимолии манфии муҳтаво ва алгоритмҳои тавсиявӣ меравад.
«Meta Platforms» бо ин хулосаҳо розӣ нест. Ширкат изҳор кард, ки барои муайян ва ҳазфи ҳисобҳои корбарони ноболиғ аз абзорҳои махсус истифода мебарад ва ният дорад чораҳои назоратиро боз ҳам тақвият диҳад.
Таъкид карда мешавад, ки дар Иттиҳоди Аврупо масъалаи ҷорӣ намудани қоидаҳои боз ҳам сахттар барои шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз ҷумла, пешниҳоди манъи дастрасӣ барои кӯдакони то 15-сола низ матраҳ мегардад.
Дар ҳолати тасдиқи айбдоркуниҳо ба ширкат ҷарима ба андозаи то 6 фоизи гардиши ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, ки метавонад ба миллиардҳо евро баробар бошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд






