Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад

Апрель 27, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Норвегия тасмим гирифтааст, ки ба қонун тағйирот ворид намуда, истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 16-сола манъ намояд, хабар медиҳад агентии «Reuters».

Тибқи тағйроти пешниҳодшуда ба қонун, маҳдудияти синну сол аз 13 то 15-солагӣ боло бурда мешавад — синну соле, ки кӯдак метавонад ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ шавад. Тибқи иттилоъ, ҳукумат ба таври возеҳ изҳор медорад, ки кӯдакони то 15-сола набояд аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд. Интизор меравад, ки лоиҳаи қонун то охири соли 2026 ба парлумони кишвар пешниҳод гардад.

«Бозиҳо, дӯстӣ ва ҳаёти ҳаррӯза набояд зери таъсири алгоритмҳо ва экранҳо қарор гиранд. Ин як тадбири муҳим барои ҳифзи фазои рақамии кӯдакон аст», — изҳор дошт Сарвазири Норвегия Йонас Гар Стере.

Дар Парлмони Норвегия аксарият аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кардаанд, аммо то ҳол мушаххас нагардидааст, ки назорат аз болои иҷрои ин қонун чӣ гуна амалӣ мешавад. Ба гуфти Сарвазир, айни замон корҳои амалигардонии ин тағйирот идома дошта, назорат дар ин самт аз пештара ҳам ҷиддитар мешавад.

Бояд гуфт, ки як қатор кишварҳои аврупоӣ талош доранд истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби кӯдакон маҳдуд созанд. Австралия моҳи декабри соли гузашта маротибаи аввал дар ҷаҳон истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои шахсони то 16-сола манъ намуд.

Дар Австралия ин маҳдудият ба чунин барномаҳо, аз ҷумла Instagram, Facebook, TikTok, Snapchat, инчунин Google, YouTube ва шабакаи иҷтимоии X амалӣ мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 27, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд