Дар Тоҷикистон давоми ҳафт соли охир қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, соли гузашта дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 217,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад. Дар арафи Соли нави мелодӣ маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Манзили дастрас», воқеъ дар хиёбони Синои пойтахт мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар 10 бинои навбунёд 850 оилаи касбу кори гуногун соҳиби манзилҳои зисти замонавию барҳаво гардиданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд. Вале корҳои сохтмонии ин маҷмаа бо сабабҳои гуногун кашол ёфта буд ва шурӯъ аз моҳи апрели соли 2018 бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ он аз нав вусъати тоза пайдо кард. Биноҳои баландошёна дар арафаи соли нави мелодӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои манбаъ, маҷмааи мазкур аз 7 бинои 16 ошёна, 2 бинои 18-ошёна ва як бинои 20-ошёна иборат мебошад. Аз ин шумора 470 адади онро манзилҳои якҳуҷрагӣ ташкил медиҳад, ки ба 55,5 дарсади шумораи умумии хонаҳо рост меояд.
Боқимонда аз 318 манзили дуҳуҷрагӣ, 51-манзили сеҳуҷрагӣ ва 8 манзили чорҳуҷрагӣ иборат аст.
Масоҳати умумии хонаҳо дар маҷмуъ 54 ҳазору 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаҳои якум ва дуюми биноҳои истиқоматӣ дар масоҳати умумии 5 ҳазору 213 метри мураббаъ марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар маҷмаа боғчаи кӯдакона, таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва рӯизаминӣ бунёд гардида, масоҳати умумии майдони сохтмон ва корҳои ободонии гирду атроф бештар аз 2 гектарро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар маҷмаа бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ низ ба инобат гирифта шудааст.
Аз ҷумла, бо мақсади таъмини барқ дар як гӯшаи саҳни биноҳои баландошёна 2 бунгоҳи барқӣ барои ҷойгир намудани 8 адад трансформатори иқтидори ҳар кадомашон 1000 кВа ва дигар таҷҳизоти зарурӣ сохта шуда, ҷиҳати пайвастан ба шабакаи муттамаркази гармидиҳӣ бошад, дар масофаи 760 метр ду қубури интиқолдиҳандаи оби гарм насб карда шудааст.
Ҳавзи зеризаминии захира ва таъмини оби ошомиданӣ барои захираи 400 метри мукааб об пешбинӣ шуда, дар ҳолатҳои садамавӣ имкон дорад, сокинони биноҳои истиқоматиро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд.
Дар маҷмааи истиқоматӣ 3 майдончаи бозии кӯдакон ва ҷойи истироҳати калонсолон, масоҳатҳои кабудизоршуда дар саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи биноҳо воқеан ҳам ба ин мавзеъ зебогии бештаре зам намудааст.
Интихоби дурусти рангҳо дар ороиши намои беруна боиси зебогии худи иншоот ва гирду атрофи гардидааст. Дар баробари ин барои шабона зебову назаррабо будани намои берунии иншоот корхои зарурӣ апҷом ёфтааст.
Корҳои сохтмониро дар иншоот бинокорони 10 ширкати соҳибтаҷрибаи сохтмонӣ, аз ҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Нури Шамс», «Иқлими соф», «Саймо», «Фарзин-7», «Агротехстрой», «Ҳоҷӣ Ёқуб» ва дигарон дар асоси нишондодҳои лоиҳа бо истифода аз масолеҳи балансифат марҳила ба марҳила иҷро намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур туҳфаи арзишмандест ба истиқболи ҷашни таърихии сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






