Дар Вазорати фарҳанг натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро баррасӣ намуданд

Январь 15, 2020 08:52

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ дар ҷаласа Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, мушовири бахши ёрдамчии Президент оид ба масоили кадрӣ Меҳрӣ Гуломшоева, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони раёсату шӯъбаҳо ва муассисаҳои зерсохтори вазорат, намояндагони бахш ва шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа бурду бохти соҳа дар соли 2019, вазъи воқеии ёдгориҳои таърихию фарҳанги, «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019», нақшаи фаъолият оид ба самтҳои афзалиятноки пешбурди соҳа дар соли 2020 ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода доир ба дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2020 ибрози назар намуда,  низомномаҳои чанд ансамбл, аз қабили «Низомномаи намунавии ансамблҳои оилавӣ», «Низомномаи намунавии ансамблҳои рақсӣ», «Низомномаи намунавии ансамблҳои тарона ва рақс» ва «Низомномаи намунавии ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ»-ро ба баррасии аъзои ҳайати мушовара  пешниҳод намуд.

Ҳамчунин ба чанд нафар ҷавонон ва фаъолони соҳа, ки дар соли гузашта дар чорабиниҳои байналмилалӣ фарҳангу санъати тоҷикро муаррифӣ намуданд сипоснома ва мукофоти пулӣ супорида шуд. Аз ҷумла, Чоршанбе Аловатов, Рухшона Умарова, Афзалшоҳ Сафарзода, Фарзона Назарова, Муҳаммад Шарифзода, Ансамбли рақсии кӯдаконаи «Зебо», Ансамбли фолклории «Помир»-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри давлатии мазҳакавӣ мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии драмаи ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом ва дигарон, ки дар соли гузашта дар ҷашнвораву озмунҳои байналмилалӣ ғолибият ба даст оварданд, қадр гардиданд.

Январь 15, 2020 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид