Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти кории соли 2019-ро ҷамъбаст намуданд

Январь 4, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 04.01.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январ дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» оид ба  фаъолияти соли 2019 ҷаласаи ҳисоботии ҳайати Мушовара баргузор намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода иброз дошт, ки «мо бояд ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат аз пештара дида бештар фаъолияти пурсамар дошта бошем ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат аз таҳти дил заҳмат кашем».

Мавсуф иброз намуд, ки «соли 2019 бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор  гӯшаву канори мамлакат марказҳои зиёди саломатӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Инчунин соли сипаригашта барои мардуми тоҷик соли муваффақият ва дастовардҳо маҳсуб мешавад».

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода оид ба фаъолияти  яксолаи вазорат гуфт, ки «имсол чорабиниҳои зиёде вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конференсияҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо Вируси норасоии масунияти одам, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ, 20-солагии вориднамоии тибби оилавӣ, Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон, Шӯро оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» (САММИТ – 9) баргузор гардиданд».

Бояд тазаккур дод, ки тақвият бахшидани сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Аз 1 январи соли 2020 миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиб дар ҷумҳурӣ мутаносибан 19 085 ва 53 991 нафарро ташкил медиҳад.

Хамчунин дар кори ҷаласа лоиҳаи Барномаи тайёр намудани кадрҳо барои то соли 2030 таҳия гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқа равон гардид. Инчунин қоидаҳо оид ба тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.

 Дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода иброз намуд, ки «имрӯз соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлати Тоҷикистон ба шумор меравад. Аммо бо вуҷуди дастовардҳо, дар соҳа  ҳанӯз камбудиҳо низ ҷой доранд, ки баҳри бартараф намудани онҳо бояд кормандони соҳаи тандурустии мамлакат талош варзанд».

Дар охири ҷаласа қарори ҳайати Мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, сардорони Раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат баҳри  бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кумаки фаврии ройгони тиббӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ,  аз ҷумла, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот, гузаронидани хатнаи кӯдакон ба таври ройгон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, пешгирӣ намудани воридоти маводи дорувории пастсифат, омода сохтани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, муоинаи никоҳшавандагон ва даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ, сари вақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Январь 4, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд
ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ. Чаро баъзе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?
Президенти Тоҷикистон: «50 фоизи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ба Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷалб шуда буд»
Дар Душанбе пайвастшавии 3300 иншоот ба шабакаҳои гармдиҳӣ ба нақша гирифта шудааст
Дар Хатлон бо иштироки 25 оилаи намунавӣ даври вилоятии озмуни «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 55 нафар афсарону сарбозони тоҷик ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» мушарраф гардиданд»
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба ду иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳисор расонида шуд
Оид ба нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряҳҳо ҳамоиш доир шуд
Либоси зебою шинами миллӣ дар ҳамаи давру замон зинатбахши занону духтарони тоҷик аст
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад