ДАРАХТ БИНШОН! Шинонидани ниҳол дар фасли зимистон беҳтар аст

Январь 14, 2020 16:35

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боғпарварӣ  аз бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта,  он баҳри  таъмини амнияти озуқаворӣ  дар ҷумҳурӣ нақши муассир мебозад.  Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боғпарварӣ диққати махсус  зоҳир намуда,  баҳри бунёди боғҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ шароитҳои зарурӣ муҳайё намудаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон баҳри  ба иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» ва вусъат бахшидани ниҳолшинонӣ корҳои агротехникӣ  бомаром идома доранд.

Ба гуфтаи  узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов дар шароити Тоҷикистон  асосан се давраи ниҳолшинонӣ:  тирамоҳ, зимистон ва аввали  баҳор мавҷуд  аст. Дар давраи зимистон ниҳол бештар дар он ноҳияҳое, ки ҳарорати муътадил доранд, шинонида мешавад.

«Дар фасли зимистон ниҳол шинонидан беҳтар аз он аст, ки дар фасли баҳор ва тирамоҳ  шинонем.  Чунки дарахти шинонидаи мо оҳиста — оҳиста ба шароити ҳамон минтақа мутобиқ шуда, то фарорасии фасли баҳор ба нашъунамо оғоз менамояд»,- гуфт Саидалӣ Гулов.

Ба андешаи номбурда дар фасли баҳор бештар шинонидани дарахтони субтропикӣ тавсия дода мешавад.  Зеро ин гуна дарахтон гармидӯст буда, ба сармо тоқат надоранд. Ба ин номгӯй дарахтони анор, анҷир, лимӯ ва хурмо дохил мешаванд.  Бояд ин  дарахтон дар охири  моҳи феврал ва аввали март  шинонида шаванд.

Инчунин тавсия дода мешавад, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ ниҳол дар фасли баҳор шинонида шавад. Чунки  тирамоҳ ва зимистон дар ин минтақаҳо ҳаво сард шуда, дарахтон  зери барф мемонанд ва аксари онҳо ба сардӣ тоб наоварда, аз сабзиш бозмемонанд.  Инчунин тамоми муғҷаҳои сабзандаи онҳоро сармо мезанад. Аз ин рӯ, он ноҳия ва доманакӯҳҳое, ки 1 500 метр аз сатҳи баҳр баланд ҳастанд, дар охири зимистон ва аввали баҳор ба шинонидани ниҳол  оғоз кунанд.

«Имрӯз  қисми зиёди боғҳои мо дар доманакӯҳ ва ҷойҳое, ки обёрӣ намешаванду аз ҳисоби намии табиӣ парвариш мешаванд, бунёд шудаанд. Дар ин гуна боғҳо сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ зарур мебошад. Вале он нисбат ба боғҳои обёришаванда элементҳои фарқкунанда дорад. Барои ин пеш ҳама дар боғҳои лалмӣ шудгори тирамоҳӣ гузаронид, ки боришоти дар зимистон ба амал меомада, дар зери замин захира гардад. Инчунин метавон дар гирду атрофи дарахтон барфро ҷамъ намуд. Зеро ин амал метавонад барои дарахтон захираи намӣ шуда, решаи онҳоро карахт намояд ва аз сабзиши барвақтӣ  нигоҳ дорад.  Дар ҳолати сари вақт  гузаронида чорабиниҳои зикршуда, дар боғҳои лалмӣ намии ҷамъшуда то давраи пухтарасидани мева кифоягӣ мекунад»,- мегӯяд профессор Саидалӣ Гулов.

Бино ба тавсияи ин профессор дар заминҳои лалмӣ боғҳо дар он ҷое бунёд карда шавад, ки боришоти табиӣ аз 600- 700 милиметр зиёд бошад. Барои токпарварӣ аз 500 милиметр баланд муайян шудааст.  Дар он ҷое, ки боришот аз 500 — 600 милиметр кам аст, бунёди боғҳо  тавсия дода намешавад. Зеро намии табиӣ барои давраи нашъунамои дарахтон кифоягӣ намекунад. Аз ин рӯ муҳлати шинонидани ниҳолҳо дар боғҳои лалмӣ, нигоҳубини ниҳол, қоидаҳои шинонидани он ва интихоби навъҳо ба ниҳолҳои минтақабоб ва ба хушкӣ тоқатовар  будани онҳо вобастагӣ дорад.

Январь 14, 2020 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Синои пойтахт беш аз 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар 100 гектар павлония шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
Дар ноҳияи Шаҳристон майдони дарахти себ зиёд карда мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Фонди хайриявии «Музаффар» беш аз 21 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ мешинонад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб 200 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди «Боғи Ғалаба» зиёда аз 1000 бех ниҳол шинониданд
«САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ». Дар ноҳияи Варзоб ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Соли 2026 дар Хатлон 600 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад