Дастаи Душанбе дар мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола ғолибият ба даст овард

Январь 16, 2020 08:49

ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо ғалабаи дастаи Душанбе анҷом ёфт. Мусобиқаи мазкур дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, он бо мақсади интихоби номзадҳо ба дастаи футболбоздухтарони то 19-солаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) роҳандозӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола 4 даста: Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд.

Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуда, футболбозбонувони пойтахт бо роҳбарии сармураббӣ Зебо Қосимова дар ҳамаи бозиҳо пирӯз гардиданд  ва медалҳои тиллоро ба даст оварданд. Инчунин дастаи ШНТМ соҳиби медалҳои нуқра ва дастаи Хатлон-1 соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар натиҷа, беҳтаринҳо ба дастаи бонувони ҷавони Тоҷикистон оид ба футзал (U-19) ҷалб гардида, баҳри иштирок дар аввалин Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки аз 24 то 29 январ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.

Ёдовар мешавем, ки дар чемипионат оид ба футзал 6 дастаи мунтахаб аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.

Натиҷаи мусобиқа миёни футболбоздухтарони то 19-солаи Тоҷикистон:

1-ум давр

Душанбе – Хатлон-2 – 4:3

Хатлон – ШНТМ – 3:4

2-юм давр

Хатлон-2 – Хатлон-1 – 1:5

Душанбе – ШНТМ – 8:2

3-юм давр

ШНТМ – Хатлон-2 – 4:1

Хатлон – Душанбе – 0:2

Январь 16, 2020 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд