Федератсияи футболи Душанбе беҳтаринҳоро қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дар асоси натиҷаҳои мавсими гузашта беҳтарин футболбозон ва мураббиёни футболи кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин беҳтаринҳои Лигаи дуюми (минтақаи Душанбе) мамлакатро қадрдонӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «ТВ Варзиш» хабар медиҳад.
Маросими пуршукӯҳи ҷоизасупорӣ 19 январ дар спорт-бари «Истиқлол» доир гардид.
Ба маросим ёвари президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи ҷумҳурӣ Сайвалӣ Шоқурбонов, роҳбари кумитаи ветеранҳои футболи ФФТ Баҳрулло Давлатов ва дигар меҳмонон даъват шуданд.
Раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев зикр кард, ки «баъди натиҷагирии соли 2019 маълум гардид, ки мо мавсими бобарорро паси сар кардем. Намояндагони пойтахт дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои хубро ишғол карданд. Аммо ба ҳар ҳол бояд гӯям, ки на ҳама интизориҳои мо амалӣ гаштанд. Дар Душанбе барои шумо беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст, шумо ояндаи футболи тоҷик ҳастед, барои шумо майдонҳои зебои варзишӣ сохта шудаанд, бо шумо беҳтарин мураббиён кор мекунанд ва мо умеду боварӣ дорем, ки соли 2020 шумо нисбат ба солҳои гузашта ба муваффақиятҳои бештар даст ёфта, ба хазинаи дастаҳои худ ҷоизаҳои нав ворид мекунед».
Пас аз ин қисмати асосии маросим доир гашт, ки дар он ба ғолибон туҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.
Беҳтаринҳои мавсими 2019 дар Душанбе:
U-13
Беҳтарин дарвозабон – Муҳаммадсамеъ Маликов («Шоҳмансур»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Абдуқаюм Фузайлов (МҶМОВ-10)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Улуғбек Сатторов («Солор»)
Беҳтарин ҳамлагар – Муҳаммадрофеъ Саидов (ММВЗО)
Бозингари ояндадор – Сафиаллоҳ Юсупов (МҶМОВ)
Бозингари беҳтарин – Фаррух Маҷидов (МҶМОВ)
Мураббии беҳтарин – Сафаралӣ Раҳмонов – (МҶМОВ)
U-14
Беҳтарин дарвозабон – Иброҳим Бобоев («Городок»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Манучеҳр Сангинов (МҶМОВ -2)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Кароматулло Зокиров (ММВЗО)
Беҳтарин ҳамлагар – Раббонӣ Мирзозода (МҶМОВ)
Бозингари беҳтарин – Мансур Мирзоев (ММВЗО)
Мураббии беҳтарин – Неъмат Султонов (ММВЗО)
U-15
Беҳтарин дарвозабон – Зафар Шарипов (ММВЗО)
Беҳтарин ҳимоятгар – Худойдод Шарифзода (МҶМОВ -2)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Комрон Мирзоев (МҶМОВ -2)
Беҳтарин ҳамлагар – Абдурауф Зубайдов (МҶМОВ)
Бозингари беҳтарин – Умед Муродов (ММВЗО)
Мураббии беҳтарин – Алиҷон Турдиназаров (ММВЗО)
U-17
Беҳтарин дарвозабон – Аҳлиддин Исматов (КМВА «Помир»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Фирдавс Олимзода («Орзу-2026»)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Муҳаммад Маҳмудов (МҶМОВ)
Беҳтарин ҳамлагар – Муҳаммадворис Сайдалиев (ММВЗО «Соро компания»)
Бозингари беҳтарин – Партулло Хуршедзода («Орзу-2026»)
Мураббии беҳтарин – Рустам Қурбонов («Орзу-2026»)
Лигаи дуюм (минтақаи Душанбе)
Беҳтарин нишонзан – Абдузоҳид Каримов (МҶМОВ)
Бозингари беҳтарин – Сорбон Ғоибов («Орзу»)
Мураббии беҳтарин – Шамсиддин Ҷӯраев («Орзу»)
Довари беҳтарин – Абдулло Давлатов
Акс аз ФФТ








Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард






