Филми нави коргардони ҷавони тоҷик «То охирон нафас» наворбардорӣ мегардад

Январь 14, 2020 13:49

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коргардони ҷавони тоҷик Фирдавс Ниёзов (Нину) тасмим дорад моҳи феврали соли равон филми навбатии худро бо номи «То охирон нафас» наворбардорӣ намояд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, филм дар марҳилаи омодагӣ барои таҳия ва интихоби ҳунармандон қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки дар филми мазкур ҳунармандони номии ҷумҳурӣ Лутфулло Давлатов ва Аловуддин Абдуллоев ҷалб мешаванд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳамкории эҷодӣ бо хориҷи мамлакат Ричард Колин аз мамлакати Конго ва Эсер София аз Австрия барои нақш офаридан даъват мегарданд. Филм дар жанрҳои экшн, трейлер (тизер) ва детектив таҳия шуда, дар шаҳри Душанбе наворбардорӣ мешавад.

Подоши амал, иродаи мустаҳкам ва парда бардоштан аз болои дурӯғ ҷавҳари асосии филмнома мебошад.

Муаллифи идеяи филмнома Фаррух Хоҷаев буда, қарор аст моҳи феврал марҳилаи наворбардории филми «То охирон нафас» шуруъ гардад.

Мавриди зикр аст, ки  коргардонҳои тоҷик имрӯзҳо дар  чандин фестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар соҳаи кино муваффақ гардидаанд. Филмҳои «Таксӣ»-и Файзулло Файзов ва «Бархурд»-и Фирдавс Ниёзов соли гузашта дар Кинофестивали байналмилалии осиёии Шарм-ул-Шайх (Sharm El-Sheikh Asian Film Festival (SAFF) Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Кинофестивали  мазкур аз 2 то 8 марти соли гузашта дар шаҳри сайёҳии Шарм-ал-Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор шуда буд. Ин фестивал дар миёни кашварҳои арабӣ яке аз беҳтарин фестивал ба ҳисоб рафта, ҳамбастагии фарҳангҳоро миёни мамолики арабӣ ва осиёӣ бозтоб намуд. Боиси хушнудист, ки маҳсули эҷоди ҷавонони филмофари тоҷик Файзулло Файзов ва Фирдавс Ниёзов дар кинофестивали мазкур иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки филми «Бархурд»-и коргардон Фирдавс Ниёзов  соли  2017 истеҳсол гардида, нахустин филм дар Тоҷикистон аст, ки бештари саҳнаҳояш дар пардаи сабз (Рир) наворбардорӣ шудааст.

Январь 14, 2020 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид