Хадамоти иҷро аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт истифода мекунад
ДУШАНБЕ, 31.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо соли сипаригардида қариб 50 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва сандаҳои дигари мақомот ворид гардидаанд. Дар ин хусус сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр кард, ки дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот қариб 50 ҳазор ҳуҷҷати иҷро, аз ҷумла 38 ҳазору 538 адади он аз мақомоти судӣ, беш аз 11 ҳазор адад аз дигар мақомот ва ҳамзамон 45 навиштаҷоти нотариалӣ ворид гардида, дар асоси талаботи онҳо истеҳсолоти иҷро оғоз гардидааст. Гуфта шуд, ки бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ соли гузашта иҷрои воқеии беш аз 40 ҳазор ё 69 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷро таъмин гардида, аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро тавассути андешидани тадбирҳои маҷбурӣ беш аз 32 миллион сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.
Бо дахли истифода ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ дар самти истеҳсолоти иҷро Илёс Идрисзода афзуд, ки Хадамот бо роҳбарияти барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар шаҳри Душанбе соли 2019 Созишномаи ҳамкориро ба имзо расонида, дар заминаи ин санад Хадамоти иҷро бо GIZ ва ҷалби мушовирони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон бо иштирокчиёни Хадамот машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Низоми истеҳсолоти иҷрои Тоҷикистон: воқеият, мушкилот ва дурнамо» мизи мудаввар баргузор кард. Ҳамзамон соли гузашта кормандони Хадамоти иҷро баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони хориҷии худ дар конфронсҳои илмию амалӣ, ки дар Россия ва Қирғизистон доир гардид, ширкат намуданд, ки он барои ба роҳ мондани ҳамкории Хадамоти иҷро бо мақомоти иҷрои маҷбурии давлатҳои иштироккунанда шароити мусоид фароҳам овард.
Алҳол дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 нафар корманд фаъолият намуда, беш аз 65 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






