ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи $575 ҳазор мошинҳои сабукрав таҳвил намуд

Январь 11, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 11.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. ИМА бар Вазорати мудофиат Тоҷикистон барои гузаронидани амалиётҳои низомӣ дар шароити кӯхистон ба баблағи 575 ҳазор доллар  мошинҳои сабукрав таҳвил намуд. Дар ин бора дар сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар  дода шудааст.

Тавре дар хабари сафорат омадааст, дар маросими супоридани мошинҳо, ки 10 январ доир гардид, Сафири ИМА дапр Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ,  генерал-майор Суҳроб Маҳмадзода ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ки воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби ИМА  дар доираи Барномаи маблағгузории низомиёни хориҷӣ бо арзиши 575,000 доллари ИМА пешниҳод гардиданд. ба қушунҳои мобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнин релефи маҳалҳо амалиёт гузаронанд.

Ҳамчунин дар хабар зикр шудааст, ки «Иёлоти Муттаҳида омода аст дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии истиқлолият, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ саҳм гузорад».

Иёлоти Муттаҳида тули 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва тавассути барномаҳои дастгирӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният беш аз 1,9 миллиард доллари ИМА кӯмак расонидааст.

                                                              АКС аз сомонаи Сафорати ИМА

Январь 11, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд