ИНФРАСОХТОРИ ТРОЛЛЕЙБУС ДАР ДУШАНБЕ ЗАМОНАВӢ ВА УСТУВОР МЕГАРДАД. Барои ин БАТР грант ҷудо менамояд, ки онро имрӯз Парлумони Тоҷикистон тасдиқ кард

Январь 15, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои барқарорсозии инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе 2,8 миллион доллар грант ҷудо мекунад. Лоиҳа имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони мамлакат маъқул дониста шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

«Татбиқи Лоиҳаи мазкур ба  таъмири зеристгоҳҳои мавҷуда, насби ноқилҳои фидерӣ, инчунин хатҳои троллейбус ва пойгоҳҳои он равона  гардидааст», — зикр кард  Вазири молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Каҳҳорзода зимни баррасии ин масъала дар Парлумон.

Тибқи иттилои Ф. Каҳҳорзода  маблағи умумии лоиҳа 8 миллион долларро ташкил дода, аз ин маблағ 5,2 миллион бо кафолати давлатӣ ба сифати  қарз ва 2,8 миллион доллари он  дар шакли гранти сармоягузорӣ ҷудо карда мешавад. Сармоягузорӣ барои устувории инфрасохтори троллейбусҳои пойтахт пешбинӣ шудааст. Барқарорсозии инфрасохтори троллейбусҳо ба  рушди соҳа ва беҳтар гардидани фаъолияти  ин воситаи мусофиркаш  мусоидат карда, имкон  фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз  хизматрасонии ин нақлиёти каммасрафи ҷамъиятӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза бештар истифода баранд.

Мавриди  зикр аст, ки то имрӯз БАТР ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон тақрибан 670 миллион евро ($ 740 миллион) сармоягузорӣ кардааст.

Рушди нақлиёти электрикӣ дар Душанбе  аз миёнаи солҳои 1950-ум оғоз гардидааст. Аниқтараш аз замоне, ки  тибқи  қарори № 106 аз 6 апрели соли 1955   Кумитаи иҷроияи шаҳри Сталинобод  дар  шаҳр  Раёсати  троллейбусро  ташкил  намуд.  Нахустин маротиба 1 майи соли 1955  троллейбусҳои аввалин  дар  кӯчаҳои   асосии  пойтахт   ба ҳаракат даромаданд.

Соли 1957 хатсайри  № 2 ва соли 1958  №3 кушода шуданд. Соли 1967  бо мавриди истифода қарор гирифтани парки 2-юми троллейбус  дарозии шабакаи тамос то 49 км афзоиш ёфт. Дар ин сол 9 хатсайр таъсис ёфта,   теъдоди  троллейбусҳо  дар  онҳо  ба  65 адад  ва шумораи коргарони соҳа  ба 700 нафар расид.

Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ  ва қатъ шудани интиқоли маҳсулоти нафтӣ, ки солҳои 1990 –ум   ба таври доимӣ  сурат мегирифт, нақлиёти барқӣ  дар шаҳри  Душанбе ба мушкилоти зиёд  дучор омад.

Соли 2004 дар  пойтахт миёни  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии    шаҳри Душанбе ва ширкати русии «Тролза-Маркет»  шартнома оид ба харидории 100 автобуси нав барои эҳтиёҷоти нақлиёти шаҳр ба имзо расид. Аввалин интиқоли троллейбусҳои нав дар тобистон ва тирамоҳи соли 2005  оғоз ёфта, охирини он   моҳи апрели соли 2006 ба пойтахт  расида буд.

Соли 2015  дар шаҳри Душанбе ба истифодаи троллейбусҳои нави ватанӣ, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмаи нақлиёти энергетикӣ ва велосипед»  банду баст мешуданд, оғоз карданд.

Тавре роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умум  дар шаҳри Душанбе» Абдулхайр Алиев ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, айни замон дар  7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба сокинону меҳмонони шаҳр  хизмат мерасонанд. Онҳо дар як сол беш аз 11 миллион  мусофирро  интиқол медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2019 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд. Ин  троллейбусҳои муосири минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шуданд.

Ба иттилои  манбаъ, троллейбусҳои ширкати «Белкоммунмаш» тариқи ноқил ва ҳангоми қатъ гардидани қувваи барқ то 15 километр ба воситаи батарея ҳаракат мекунанд. Арзиши як адад чунин троллейбус қариб 250 ҳазор доллари америкоиро  ташкил медиҳад. Иқтидори ғунҷоиши  троллейбус 90 кас, ҷойи нишасти он барои 22 нафар буда, дарозиаш  12м ва бараш 2,5м мебошад. Троллейбусҳо системаи сӯхторхомӯшкунӣ,  назорати видеоӣ, кондитсионер барои  мусофирон ва кабинаи ронанда доранд. Онҳо бо механизми махсус муҷаҳҳаз шудаанд, ки фаршро коҳиш медиҳанд, то ворид шудан ба салон мувофиқ бошад. Инчунин  дар троллейбусҳои мазкур  пандус барои маъюбон мавҷуд аст.

«Фаъолияти  троллейбусҳои нав дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе  бо мақсади озмоиш ба роҳ монда шудааст.  Минбаъд  харидории   100 адад чунин троллейбусҳо барои хизматрасонӣ ба мусофирон дар  пойтахт пешбинӣ шудааст»,-илова намуд номбурда.

Январь 15, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад