Кумитаи бехатарии озуқаворӣ воридоти маводи хӯроквориро аз Чин, ба истиснои чой ва тухмиҳои зироат, манъ намудааст

Январь 30, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ваъи сироятшавии одамон дар кишварҳои гуногуни олам бо коронавируси чинӣ боиси нигаронии миллионҳо нафар аҳолии сайёра шудааст. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом давлатҳо маҳсулоти хӯрокворӣ  ворид карда мешаванд? Ба ин саволи хабарнигор Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод чунин посух дод:

-Соли 2019 аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ вобаста ба воридоти маводи хӯрокӣ, ба истиснои чой ва тухмиҳои зироат ба ягон соҳибкор иҷозатнома дода нашудааст. Баъд аз он ки  дар бораи хуруҷи бемории эпидемии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин дар ВАО иттилоъ пахш гардид, ба нуқтаҳои бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт супориш дода шуд, ки тамоми маҳсулоти воридшавандаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Дирӯз дар сарҳад баъзе маҳсулоти хӯрокӣ, аз ҷумла меваҷот аз давлати Чин, ки тариқи Афғонистон ба ҷумҳурии мо бояд ворид карда мешуд, бозпас гардонда шуданд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2013 «Оид ба тақвият додани  муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти давлатии назорати байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» 7 номгӯй  таҷҳизот ба миқдори умумии 58 адад ба маблағи умумии 57 032 доллари ИМА дастрас гардид.

Истифодаи таҷҳизоти замонавии мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд дар марказҳои ташхис ва нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ маҳсулоти озуқаворӣ, хусусан маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ мавриди ташхиси саривақтии дақиқ қарор дода шаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ба маблағи 1188270 сомонӣ сохтмони иншооти сохтмонаш нотамоми бинои марказҳои таъминоти бехатарӣ  ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Рашт ба итмом расонида шуда, бинои мазкур дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои бунёди марказҳои таъминоти  бехатарии озуқаворӣ корҳои сохтмонӣ ҷамъ ба маблағи 15 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷараён дорад.

Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки  Кумитаи бехатарии озуқаворӣ барои боз ҳам тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ, ислоҳи камбудиҳои соҳа ва иҷрои пурраи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираю имкониятҳои мавҷударо сафарбар намуда, барои расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат –таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад.

Январь 30, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид