MADE IN TAJIKISTAN. Содироти маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ рӯ ба афзоиш аст
ДУШАНБЕ,16.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон зери тамғаи «MADE IN TAJIKISTAN» ба бозорҳои ҷаҳон роҳ ёфта, содироти он рӯ ба афзоиш аст. Бори нахуст дар таърихи саноати хӯроквории мамлакат содирот шудани маҳсулоти консервашудаи «Пиёзи анзур» ва «Ғураоб» ба Амрико, хушкмеваи «Тут» ба Туркия, нӯшобаи «Хуч» ва афшураи «Зардолу» ба Литва, обҳои маъданию ошомидании «Хаватаг», «Оби Зулол» ва «Сиёма» ба Озарбойҷону Аморати Мутаҳидаи Араб шаҳодати ин гуфтаҳост.
Тавре аз Вазорати саноати мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳоло дар саноати хӯрокворӣ беш аз 480 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ машғул буда, дар онҳо зиёда аз даҳ ҳазор нафар коргарону мутахассисон фаъолият доранд.
Тибқи иттилои сарчашма, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар cоли 2019 беш аз 5 миллиарду 373 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум наздик ба 110 фоиз ё беш аз 450 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки истифодаи хатҳои технологии муосир имконият фароҳам овард, ки имрӯзҳо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои соҳа талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳо ва ғайра пурра таъмин намуда, қисми он ба хориҷи кишвар содирот шавад.
Бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ, дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар, содироти он мунтазам афзоиш ёфта, дар соли 2019 маблағи 121,9 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,6 баробар ва ё беш аз 74 миллион сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад






