Милитсионерон бо ёдгориҳои таърихии Осорхонаи Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд

Январь 31, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Осорхонаи ВКД рафта, бо ёдгориҳои таърихие, ки фаъолияти милитсияи тоҷикро инъикос мекунанд, шинос шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, майори милитсия Маҳбуба Комилова зимни муаррифии ёдгориҳои таърихӣ иброз намуд, ки Осорхона яке аз ҷойҳои фарҳангии мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб шуда, аз ин макон метавон  маълумоти зиёд дар бораи милитсияи тоҷик пайдо кард.

Осорхонаи ВКД  дорои гӯшаҳои «Таъсиси милитсия дар Тоҷикистони Шӯравӣ», «Таъмини тартибот дар Тоҷикистони тошӯравӣ», «Таъсиси милитсияи Шӯравӣ», «Қарори тақдирсоз дар таърихи милитсияи Тоҷикистон», «Милитсияи Тоҷикистон дар солҳои 1926-1940», «Милитсияи Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият» буда, ҳамчунин  ёдгориҳо аз фаъолияти кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ гирд оварда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар гӯшаи «Туҳфаҳои хотиравии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  туҳфаҳое, ки ба унвони Вазири корҳои дохилӣ аз тарафи роҳбарону вазирони корҳои дохилии дигар давлатҳо ва меҳмонони олиқадри ВКД тақдим гардидаанд, ҷойгир карда шудаанд.

Дар Осорхонаи ВКД аз замони таъсис то ба имрӯз чандин гӯшаҳои нав  манзури тамошобинон гардонида  шудаанд.

Январь 31, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст