Милитсионерон бо ёдгориҳои таърихии Осорхонаи Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи ВКД рафта, бо ёдгориҳои таърихие, ки фаъолияти милитсияи тоҷикро инъикос мекунанд, шинос шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, майори милитсия Маҳбуба Комилова зимни муаррифии ёдгориҳои таърихӣ иброз намуд, ки Осорхона яке аз ҷойҳои фарҳангии мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб шуда, аз ин макон метавон маълумоти зиёд дар бораи милитсияи тоҷик пайдо кард.
Осорхонаи ВКД дорои гӯшаҳои «Таъсиси милитсия дар Тоҷикистони Шӯравӣ», «Таъмини тартибот дар Тоҷикистони тошӯравӣ», «Таъсиси милитсияи Шӯравӣ», «Қарори тақдирсоз дар таърихи милитсияи Тоҷикистон», «Милитсияи Тоҷикистон дар солҳои 1926-1940», «Милитсияи Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият» буда, ҳамчунин ёдгориҳо аз фаъолияти кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ гирд оварда шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар гӯшаи «Туҳфаҳои хотиравии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» туҳфаҳое, ки ба унвони Вазири корҳои дохилӣ аз тарафи роҳбарону вазирони корҳои дохилии дигар давлатҳо ва меҳмонони олиқадри ВКД тақдим гардидаанд, ҷойгир карда шудаанд.
Дар Осорхонаи ВКД аз замони таъсис то ба имрӯз чандин гӯшаҳои нав манзури тамошобинон гардонида шудаанд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






