Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар «Ҷоми Рушд-2020» тими Гурҷистонро мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 23.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар даври охири марҳилаи гурӯҳии «Ҷоми Рушд-2020» тими миллии зери 17-солаҳои Гурҷистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар дақиқаи 13-уми рақобат футболбози гурҷистонӣ Торники Дундуа ҳисоби бозиро кушод. Аммо ба ин голи ӯ футболбозони тоҷик бо 2 голи задаи худ ҷавоб гуфтанд. Дар дақиқаи 36-ум Алиҷони Айнӣ ва дар дақиқаи 77-ум Сунатулло Азизов голҳои мунтахаби моро ба нишон расониданд.
Пас аз ин комёбӣ мунтахаби наврасони то 16-солаҳои мо дар гурӯҳ бо касби 6 имтиёз ба зинаи аввал баромад.
Акнун натиҷаи бозии Исроил — Исландия мавқеи тими моро дар гурӯҳ аниқ месозад. Ҳоло мунтахаби Исроил U-17 бо доштани 4 хол зинаи дуюми гурӯҳро касб кардааст. Дар сурати пирӯзии Исроил мунтахаби мо дар ҷадвал ба ҷойи дуюм мефарояд.
Акс аз ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






