Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 3 танро аз зери тарма берун оварда, зиёда аз 100 нафарро ба ҷойҳои бехатар интиқол доданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз сабаби боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам хатари тарма ва сангфароӣ боқӣ монда, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ то ба ҳол вазъият хавфнок аст. Он ҷо шабонарӯзи гузашта аз километри 55-ум то 74-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ якчанд ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Барои тоза намудани роҳҳо аз ҷониби хадамоти роҳҳои Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамчунин ширкати роҳдории «Innovative Road Solutions» ҳашт адад техника ҷудо карда шуда, барои бартараф сохтани оқибати офатҳои табиӣ корҳо идома ёфта истодаанд. Ситодҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода шабонарӯзӣ кор мекунанд.
«2 январ дар натиҷаи фаромадани тарма дар километрҳои 62 то 74-и роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ба наҷотбахшони Кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо кормандони ширкати «Innovative Road Solutions» муяссар гардид, ки зимни корҳои наҷотдиҳӣ 3 корманди ширкати IRS-ро аз зери барф берун бароранд, ки ҳолати онҳо айни замон муътадил аст», — хабар доданд аз муассисаи наҷотдиҳӣ.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва кормандони хадамоти роҳдории Ширкати «Innovative Road Solutions» зиёда аз 100 ронанда ва мусофирро, ки байни тармаҳо дармонда буданд, ба ҷойи бехатар интиқол доданд. Онҳо аз ҷониби хадамоти нигоҳдории роҳи IRS, ки дар километри 72-юми роҳи нақлиётии Душанбе –Айнӣ ҷойгир аст, бо ғизо ва манзили муваққатӣ таъмин гардиданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки аз сафару саёҳат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Зеро хатари фаромадани тарма ҳанӯз мавҷуд аст.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






